Қонуни мазкур аз 17 модда ва 10 илова иборат буда, дар он нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ифодаи худро ёфтаанд. Бахусус, дар соли 2025 ба 6 дарсад афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат пешбинӣ шудааст.
Даромадҳои буҷети фарогиршуда ба андозаи 431 триллион сӯм, хароҷот бошад, ба андозаи 480,5 триллион сӯм пешбинӣ шуда, нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба миқдори 3 фоиз таваррум тасдиқ гардид.
Тавозуни буҷети давлатӣ ва буҷетҳои бунёдҳои мақсадноки давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 2 фоиз таваррум тартиб дода шуд. Дар ин даромадҳои буҷети давлатӣ 308,5 триллион сӯм, хароҷот бошад, бо назардошти трансфертҳои бунёдҳои мақсадноки давлатӣ ба андозаи 344,8 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли 2025 пешгӯии даромадҳои буҷети Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд 65,8 триллион сӯм, башорати хароҷот ба андозаи 84,3 триллион сӯм ба назар гирифта шудааст. Инчунин,
аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 18,5 триллион сӯм гузаронидани трансфертҳои танзимкунандаи байнибуҷетӣ дар назар аст.
Мувофиқи қонун, имсол ҳам самти иҷтимоии хароҷоти буҷет нигоҳ дошта шуд. Ҷамъ 52 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои таълим, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маданият ва варзиш, таъмини аҳолии ниёзманд бо манзили зист равона карда мешавад.
Бо мақсади зиёд кардани даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ ва афзунсозии мустақилияти онҳо намудҳои зерини андоз ба таври иловагӣ дар буҷетҳои ноҳия ва шаҳрҳо гузошта мешавад:
– андози муомилот, андози замин ва амволи шахсони ҳуқуқӣ дар ҳаҷми пурра (ба истиснои андозҳое, ки андозсупорандагони калон пардохт мекунанд);
– на кам аз 50 фоизи воридоти андози даромад аз шахсони ҷисмонӣ (ба истиснои андозҳое, ки андозсупорандагони калон месупоранд);
– 50 фоизи даромадҳое, ки аз хусусигардонии амволи давлатӣ ба буҷети маҳаллӣ меафтанд.
Инчунин, ба шӯроҳои маҳаллии ноҳия ва шаҳрҳо ваколати истифодаи коэффитсиент аз рӯйи баъзе намудҳои андоз дода шудааст.
Умуман, буҷети давлатӣ имсол низ барои рушди пайвастаи иқтисодиёт, ҳалли манзилноки масъалаҳои иҷтимоӣ, афзунсозии фаровонии рӯзгори аҳолӣ хидмат мекунад.