Сарони давлатҳо дар маросими роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ширкат варзиданд

    Ҳукумат 8 Avgust 2024 323

    Пас аз хотимаи музокироти дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар шаҳри Алмаато филиалҳои Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии Қазоқистони ҷанубии ба номи ба номи М.Ауэзовро дар шаҳри Чирчиқ тантанавӣ кушоданд. Ифтитоҳи мутақобилаи филиалҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон боз як далели рушди босуръати муносибатҳои бисёрҷанбаи ду кишвари бародар гардид.

    Ин муассисаҳои таълимӣ аз рӯи самтҳои техникии серталаб кадрҳои баландихтисос тайёр мекунанд.

    Сарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳамчунин дар маросими расидани нахустин қатораи боркаш дар масири “Сиан – Хоргос – Алмаато – Сарёғоч – Тошканд” ширкат варзиданд.

    Поезди боркаш аз терминали Қазоқистону Чин дар Сиан ба бандари хушки “Хоргос” фиристода шуд. Дар он ҷо контейнерҳо аз нав бор карда, бо роҳҳои оҳани Қазоқистон ба воситаи стансияи Сарёғоч ба пункти охирини худ ба стансияи “Тошканд” фиристода шуданд.

    Ин хатсайр вақти интиқоли борҳоро кӯтоҳ карда, ба афзоиши гардиши мол такони қавӣ мебахшад.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates