Медалҳои тилло

Дар мусобиқаҳои парапауэрлифтинг Акидахон Ахтамова дар вазни то 55 кило байни занон ғолиб омад. Ӯ бо бардоштани 128 кило на танҳо медали тилло ба даст овард, балки рекорди Бозиҳои параосиёиро низ гузошт. Намояндаи Чин бо натиҷаи 117 кило мақоми дуюм ва варзишгари Таиланд, ки 112 кило бардошт, мақоми сеюмро ишғол карданд.

Дар мусобиқаи паравелотрек байни мардон дар синфи C5, дар сабқати инфиродии таъқибӣ ба масофаи 4000 метр Боймурод Ёвқочев ғолиб омада, медали тилло гирифт. Азимбек Абдуллоев мақоми дуюмро касб карда, соҳиби медали нуқра шуд. Медали биринҷӣ насиби намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб гардид.

Дар мусобиқаҳои парадзюдо Шоҳрух Мамедов дар вазни то 81 кило, дар синфи J1 байни мардон, қаҳрамон шуд. Ӯ дар рақобати ҳалкунанда ҳарифи худро аз Тоҷикистон мағлуб карда, барои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон медали тилло ба даст овард.

Дар финали вазни то 95 кило дар синфи J1 Муҳаммад Абдуқулов Тургун Абдиевро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гардид. Тургун Абдиев бо медали нуқра сарфароз шуд. Медалҳои биринҷии ин вазн насиби намояндагони Эрон ва Индонезия гардиданд.

Дар мусобиқаҳои парадзюдо байни занон, дар синфи J2 ва вазни то 60 кило, Қумушхон Хоҷаева дар финал ҳарифи худро аз Чин мағлуб карда, медали тиллоро ба даст овард.

Дар шиноварии паралимпӣ байни мардон ба масофаи 400 метр бо услуби озод, дар синфи S13, Дмитрий Хорлин бо натиҷаи 4 дақиқаю 21,32 сония мақоми аввалро ишғол кард. Егор Болотов бо натиҷаи 4 дақиқаю 21,94 сония соҳиби медали нуқра шуд. Намояндаи Қатар мақоми сеюмро касб намуд.

Медалҳои нуқра

Дар мусобиқаҳои параварзиши сабук Аcила Мирзаёрова дар финали давидан ба масофаи 200 метр байни занон, дар синфи T11, бо натиҷаи 25,86 сония медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар ин масофа ҳамроҳи роҳбалади даванда Сардор Бахтиёров ҳунарнамоӣ кард.

Ёқутхон Ҳолбекова дар гурзапартоӣ дар синфи F12 бо натиҷаи 32,43 метр соҳиби медали нуқра гардид. Қобили зикр аст, ки гурзапартоӣ ихтисоси асосии ӯ нест.

Ёркинбек Одилов дар финали дискпартоӣ байни мардон, дар синфи F57, мақоми дуюмро ишғол кард. Натиҷаи ӯ 45,10 метрро ташкил дод. Ин навъи мусобиқа низ ба ихтисоси асосии варзишгар дохил намешавад.

Дар мусобиқаҳои парапауэрлифтинг Насиба Тошпулатова дар вазни то 50 кило байни занон бо бардоштани 123 кило медали нуқра ба даст овард.

Медалҳои биринҷӣ

Дар мусобиқаҳои параварзиши сабук Анжелина Колесникова дар дискпартоӣ байни варзишгарони синфҳои муттаҳидаи F44/F64 бо натиҷаи 30,10 метр соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Диёрбек Умаров дар финали гулӯлапартоӣ дар синфи F12 бо натиҷаи 12,54 метр мақоми сеюмро ишғол кард.

Содиқҷон Мамадиев дар мусобиқаи ҷаҳидан ба дарозӣ байни мардон, дар синфи T37, бо натиҷаи 5,69 метр медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар мусобиқаҳои парадзюдо Отабек Ирисбеков дар вазни то 81 кило, дар синфи J2 байни мардон, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар рақобат барои ҷойи сеюм ҳарифи худро аз Муғулистон мағлуб кард.

Имрӯз параварзишгарони Ӯзбекистон ҳамчунин дар мусобиқаҳои паратэквондо, паратирандозӣ ва бочча иштирок доранд. Рақобатҳо идома доранд.