Сарони давлатҳо ба лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ оғоз бахшиданд

    Пас аз анҷоми ҷаласаи дуюми Шӯрои Олии байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар маросими ба кор андохтани лоиҳаҳои бузурги кооператсия иштирок карданд.

    Аз ҷумла, фаъолияти Маркази байналмилалии ҳамкории саноатии «Осиёи Марказӣ» ва идораи нави марказии «Бонки Тенге» дар шаҳри Тошканд ба роҳ монда шуд.

    Ҳамчунин, ба сохтмони Маркази гуногунсоҳавии логистикии «Silkway Central Asia», иншооти истеҳсолии маҳсулоти алкилбензоли хаттӣ, мавзеи «Остона» дар Тошканди нав, инчунин маҷмааҳои меҳмондории «Тошканд» ва «Остона» дар пойтахтҳои ду кишвар оғоз бахшида шуд.

    Президенти Ӯзбекистон ва Қазоқистон изҳор доштанд, ки ин лоиҳаҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодии мутақобилан судманд миёни ду кишвар такони иловагӣ хоҳанд бахшид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates