Тибқи барномаи сафар дар шаҳри Аммон музокироти сатҳи олӣ, ҳамоиши соҳибкорӣ бо иштироки намояндагони расмӣ ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар, инчунин дигар чорабиниҳо баргузор мегарданд.
Дар рӯзномаи музокироти дарпешистода масъалаҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистону Урдун, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ қарор доранд. Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати нассоҷӣ, кӯҳкорӣ ва кимиё, кишоварзӣ ва дорусозӣ, инчунин тақвияти робитаҳои фарҳангию башардӯстона ва табодули сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар натиҷаи музокирот ба имзо расидани як қатор ҳуҷҷатҳо дар назар аст.