Дар мамлакатамон ислоҳоти доманфарох бобати кам кардани иштироки давлат дар иқтисодиёт татбиқ мегардад. Соли 2019 Қонун «Дар бораи шарикии давлативу хусусӣ» барои ин имконоти васеъ фароҳам овард.

Чунин шарикӣ дар соҳаи иҷтимоӣ низ натиҷаҳои хуб мебахшад. Аз он ҷумла, ба туфайли кушодани кӯдакистонҳои хусусӣ барои 1,2 миллион нафар фарогирӣ бо таълими томактабӣ то 77 фоиз расид. Дар доираи 67 лоиҳа дар соҳаи таълими олӣ дар хобгоҳҳо 29 ҳазор донишҷӯ соҳиби ҷой гардид. Дар соҳаи тиббиёт сектори хусусӣ саҳми назаррасро дар ҷанбаҳои стоматология, оториноларингология, корҳои лабораторӣ ва дигар хидматрасонӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Сарфи назар аз муваффақиятҳо, дар ин соҳа талаботи зиёд боқӣ мондааст ва барои рушд кардан захираҳои зиёд мавҷуд мебошад. Зимни тақдимот пешниҳодот оид ба вусъат додани шарикии давлативу хусусӣ дар тиббиёт, таълим, маданият ва варзиш баррасӣ гардиданд.

Чорабиниҳо бобати татбиқи 5 лоиҳа ба қимати 1,2 миллиард доллар дар тандурустӣ, 6 лоиҳа ба қимати 745 миллион доллар дар таълими томактабӣ ва мактабӣ, лоиҳаҳо ба қимати 100 миллион доллар дар таълими олӣ якҷоя бо Бонки осиёии рушд, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо ва дигар шарикон мушаххас карда шуданд.

Аз он ҷумла, сохтмони клиникаҳои бисёрсоҳаи замонавӣ дар Тошканд, Фарғона, Бухоро, Андиҷон ва Самарқанд пешбинӣ мегардад. Хидматрасонии поликлиникаҳои марказии минтақаҳое, ки бо фаъолияти тиббиёт алоқаманд нестанд, ба сектори хусусӣ гузарондан ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин масъалаҳои ҷалб намудани сектори хусусӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолият дар соҳаҳои маданият ва варзиш баррасӣ гардиданд. Ҳоло ҳозир 43 маркази маданият аллакай ба идораи хусусӣ дода шуда, имкони боз 127 объектро супоридан вуҷуд дорад.

Ногузирии бо чунин тарз таҷдид намудани ҳавзҳои истифоданашаванда, толор ва майдонҳои варзишӣ бо васеъ намудани хидматрасонии солимгардонӣ таъкид шуд. Бо ин мақсад пешниҳод гардид, ки тартиби додани объектҳои маданӣ ва варзишӣ ба шарикони хусусӣ сода карда шавад.

Роҳбари давлат ба вазоратҳои соҳаи иҷтимоӣ ва ҳокимиятҳо супориш дод, ки «нақшаҳои роҳ» дар қисмати объектҳо тасдиқ ва татбиқ гардида, лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ тезонда шавад.