Дар нома, аз ҷумла зикр мегардад, ки хотираи дурахшони Иброҳим Раисӣ, ки дар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба, шарикии мутақобилан судманд ва дарозмуддати Ӯзбекистону Эрон саҳми бузург гузоштааст, дар қалби халқҳои мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Сарвари давлати мо ба мардуми дӯсти Эрон, хешу табор ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.