Ойбек Йӯлдошев муовини якуми вазири маориф ва илм таъин гардид. То ин таъйинот ӯ дар ширкати PwC Uzbekistan ба ҳайси директори самти машваратӣ оид ба бахши давлатӣ, инфрасохтор ва масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) фаъолият мекард.
Меҳринисо Пардаева муовини вазири маориф ва илм таъин шуд. Қаблан ӯ вазифаи сардори раёсати Маркази ҷумҳуриявии илмию методии рушди маорифро ба уҳда дошт.
Санҷар Мирзалиев низ муовини вазири маориф ва илм таъин гардид. То ин замон ӯ директори иҷроияи Донишкадаи муштараки байнисоҳавии Беларусу Ӯзбекистон оид ба тахассусҳои техникии амалӣ буд.