Гуфта шуд, ки лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Чин ва Олмон дар масоҳати 10 гектар амалӣ гардида, арзиши умумии он 36 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо корҳои сохтмон 90 фоиз анҷом ёфта, дар доираи лоиҳа 14,9 миллион доллар сармоя ҷалб шудааст.
Соли 2025 ба маблағи 15 миллион доллар лӯла ва фитингҳои мисӣ ба Ӯзбекистон ворид гардидаанд. Пас аз комилан ба фаъолият шурӯъ кардани корхона, истеҳсол намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 10 миллион доллар дар назар аст.
Дар корхона 300 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, 200 миллиард сӯм даромади буҷаро таъмин мекунад ва содироти маҳсулот ба маблағи 350 миллион доллар амалӣ хоҳад шуд. Маҳсулот ба Амороти Муттаҳидаи Араб, ИМА, давлатҳои қитъаи Африқо ва Аврупо содир карда мешавад.
«Infinity Copper Group» аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли лӯла ва фитингҳои мисӣ дар Ӯзбекистон мавқеи пешсафро ишғол намуда, дар маҷмӯъ чор корхонаи истеҳсолиро дар бар мегирад.
Президент аҳамияти рушди минбаъдаи истеҳсоли лӯла ва фитингҳои мисӣ, инчунин афзоиши саҳми маҳсулоти саноатии дорои арзиши иловашудаи баландро дар мамлакат таъкид намуд.
Зикр гардид, ки тавассути зиёд намудани шумораи чунин корхонаҳои муосир ва рақобатпазир, пурра қонеъ гардонидани ниёзҳои бозори дохилӣ ва минбаъд васеъ кардани иқтидори содиротӣ зарур аст.