Ҳайати Ӯзбекистон дар Ҷаласаи 9-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок мекунад

    22-25 декабри соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Владимир Норов ҷиҳати иштирок дар 9-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ба Токио (Ҷопон) сафар мекунад.

    Рӯзномаи чорабинии дарпешистода масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди алоқаи нақлиётӣ, логистика, кооператсияи саноатӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёти «сабз»-ро дар бар мегирад.

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар доираи сафар як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷопон ва ҳамватанон мулоқотҳо анҷом медиҳад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates