Ҳайати Палатаи савдою саноати "RUTSIS" дар Тоҷикистон кори худро идома медиҳад

    Тиҷорат 9 Iyun 2021 431

    Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати лоиҳаи "RUTSIS"-и Палатаи савдою саноат, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ҷаласаи машваратӣ оид ба баррасии сертификатсияи нишондодҳои ҷуғрофии маҳсулоти атлас ва адрас, инчунин ашёи хом аз минтақаҳо ташкил карда шуд.

    Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин атташеи намояндагии ИА дар Тоҷикистон ҷаноби Франческо Странеро ширкат варзиданд.

    Аз ҷониби Ӯзбекистон муовини раиси Ассотсиатсияи "Ҳунарманд" бо тақдимот дар мавзӯи "Мафҳуми нишондоди ҷуғрофӣ дар ҳунармандӣ", инчунин муовини раиси Агентии моликияти зеҳнӣ Е. Канязов бо тақдимот дар бораи дурнамо бақайдгирии маҳсулоти ҳунармандӣ ба сифати нишондодҳои ҷуғрофӣ сухан ронданд.

    Дар ҷараёни мубоҳиса масъалаҳои мусоидат ба эътирофи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли атлас ва адрас ба миён гузошта шуданд ва созиш ба даст оварда шуд, ки масъалаи ташкили гуруҳи кории минтақавӣ оид ба омӯзиш ва татбиқи амалияи бақайдгирии маҳсулот ба сифати нишондодҳои ҷуғрофӣ баррасӣ карда шавад, хабар медиҳад, хидмати матбуоти ПСС.

    Дар охири мулоқоти машваратӣ бо иштироки беш аз сад истеҳсолкунандагон ва ҳунармандони ду кишвар дар ин самт гуфтушунидҳои B2B гузаронида шуданд.

    Дар доираи гуфтушунидҳои B2B истеҳсолкунандагон ва ҳунармандони Ӯзбекистон аз Марғелон бо ҳунармандони тоҷик таҷрибаи бисёрсолаи Ӯзбекистонро дар ранг кардани матоъҳо баҳам диданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates