Иштирокчиёни форум бо самтҳои асосӣ ва афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи Ӯзбекистон ва ҶХД дар доираи формати «Чин – Осиёи Марказӣ», корҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон дар мамлакати мо, инчунин, натиҷаҳои ислоҳоти ҳамаҷониба дар мубориза бо камбизоатӣ шинос шуданд. хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Раиси Кумитаи оила ва занони Ӯзбекистон Озода Парпибоева дар ҷаласаи анҷумани «Занон ва рушди устувор» иштирок намуд.
Дар рафти сафар аъзоёни ҳайати вакилон бо ҷонишини раиси Шӯрои халқии сиёсии машваратии Чин, роҳбари Федерасияи умумичиноии занон Шэн Юэюэ ва котиби комитети партиявии музофоти Фусзян Чжоу Сзуй вохӯрданд.
Дар доираи сафар ҳайати Ӯзбекистон аз марказҳои кори ҷамъиятии шаҳри Сямэн барои нигоҳубини оилаҳои камбизоат ва марказҳои кори ҷамъиятии Ҷинан дидан намуда, бо таҷрибаи онҳо дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занон шинос шуданд.