Дар форум ҳайатҳои вакилони 93 кишвар ва 11 созмони байналмилалӣ ширкат доштанд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин самтҳои асосии Ҷунбиши бетарафӣ дар пешомади наздик ва дуру дароз баррасӣ шуданд.

Дар конфронс роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ҳамаи аъзои Ҷунбиши мазкур барои ҷонибдорӣ аз номзадии Ӯзбекистон ба мақоми раёсати Ҷунбиши бетарафӣ барои солҳои 2027-2029 изҳори сипос намуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон.