Ҳайати Ўзбекистон дар ҷамъомади махсуси сессияи оид ба Афғонистон дар шакли машварати “С5+1” иштирок кард

    27 июли соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳти сарварии Намояндаи махсуси Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев дар ҷаласаи иҷлосияи махсус оид ба Афғонистон дар формати машваратҳои “С5+1” (Осиёи Марказӣ + ИМА) дар сатҳи намояндагони махсус ширкат варзиданд.

    Зимни чорабинӣ талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли бӯҳрони Афғонистон, ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои башардӯстона ва дигар ба кишвар баррасӣ шуд.

    Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии Афғонистон, рушди мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ чи дар робита ба мақомоти нави кишвар ва дурнамои истиқрори сулҳи пойдору дарозмуддат дар Афғонистон табодули назар карданд.

    Намояндагони кишварҳои ширкаткунанда аз риояи ҳуқуқи башар дар Афғонистон изҳори назар карда, аҳамияти идомаи талошҳои муштаракро барои иҷрои талабҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби толибон қайд карданд.

    Аз ҷумла ширкаткунандагони ҳамоиш аҳамияти таъмини ҳуқуқи занону духтарони афғон ба таҳсил ва кор, зарурати расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистонро таъкид карданд.

    Намояндагони махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои террористӣ дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз табдили қаламрави Афғонистон ба паноҳгоҳи созмонҳои террористии байналмилалӣ якдилона изҳори назар карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates