Ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии Раиси Сенат дар кори форуми якуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Миёна иштирок мекунад

    Ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии Раиси Сенат дар кори форуми якуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Миёна иштирок мекунад

    Дар натиҷаи пуштибонӣ аз ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев аз ҷониби сарони кишварҳои ҳамсоя муколамаи сиёсӣ дар минтақа фаъол гардида, эътимоди мутақобилаи кишварҳо мустаҳкам гардид. Мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шуданд. Дар натиҷа сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сифати комилан нав пайдо кард.

    Муносибатҳои кишварҳои минтақа дар ҳама соҳаҳо, ки дар заминаи дӯстӣ, ҳамсоягии наздик ва шарикии стратегӣ бунёд шудаанд, ба муносибатҳои беҳтару пурмазмунтар табдил меёбанд. Аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва якҷоя бартараф кардани монеаҳои мавҷуда авлавият дорад.

    Дар рӯзи аввали форум раиси Сенат дар мулоқоти ғайрирасмии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кард.

    Баъд аъзоёни хайати вакилон бо ёдгорихои таърихии маданияти шаҳри Туркистон шинос шуданд, аз ҷумла мақбараи Хоҷа Аҳмади Яссавиро зиёрат карданд.

    Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи нахустин форуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз, 10 феврал баргузор мешавад. Дар назар аст, ки масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баланд бардоштани нақши парламентҳо дар ин раванд баррасӣ шаванд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates