Ҳайати вакилон бо сардории вазири корҳои хориҷӣ ба Кувайт сафар кард

    12-14 август ҳайати Ўзбекистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов аз Кувайт дидан кард. Зимни сафар як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба, вохӯриҳо бо соҳибкорони пешқадам, анҷумани тиҷоратии Ўзбекистон-Кувайт, намоишгоҳи маҳсулоти «Made in Uzbekistan» ташкил карда мешавад.

    Дар аэропорти байналхалкии Кувайт ҳайати вакилони мамлакати моро вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Алӣ Ал-Яҳё пешвоз гирифт. Мусоидат ба равобити иқтисодӣ, тавсеаи равобити миёни минтақаҳои мо, густариши мубодилаи афкор, эҷоди заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ, таҳкими робитаҳои байни мардум ва таҳкими тавонмандӣ аз мавзӯъҳои марказии мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷӣ буданд. Дар поёни мулоқот вазирон Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои хориҷаи ду кишвар дар бораи ҳамкориҳои байни ниҳодҳои дипломатиро имзо карданд.

    Зимни сафар роҳбари вазорати корҳои хориҷии кишвари мо саломи гарм ва беҳтарин орзуҳои Президенти Ӯзбекистон, Ҷаноби Олӣ Шавкат Мирзиёевро ба Ҷаноби Олӣ Сабоҳ ал-Холид Ас-Сабоҳ расонд.

    Зимни вохӯриҳо бо вазири молия ва вазири давлатӣ оид ба корҳои иқтисод ва сармоягузорӣ доктор Анвар Алӣ Ал-Мудҳаф, директори иҷроияи Агентии сармоягузории Кувайт Ғанем Сулаймон Ал-Генаймон, директори генералии Хазинаи Кувайт оид ба рушди иқтисодии Араб Валид Ал- Баҳор як қатор масъалаҳои иқтисодӣ оид ба ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.

    Форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Кувайт дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Кувайт баргузор шуд. Дар он беш аз 200 нафар намояндагони ду кишвар ширкат доштанд. Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ қайд кард, ки «дарвозаҳои Ӯзбекистон барои ширкатҳои хориҷӣ барои омӯхтани имкониятҳои ояндадоре, ки дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд, боз аст ва омода аст, ки ба ҳар гуна шарикии мутақобилан судманди байни доираҳои тиҷоратии мамлакатҳои мо мусоидат намояд».

    Дар намоишгоҳи «Made in Uzbekistan», ки дар доираи ин форум ташкил карда шудааст, ба маҳсулоте, ки дар мамлакати мо истеҳсол мешавад, мароқи калон пайдо шуд. Илова бар ин, дар ҷараёни сафар намояндагони ҳайат бо роҳбарони як қатор ширкатҳо музокира намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми тиҷоратро афзоиш дода, сармоягузориро васеъ намуда, бо шарикони кувайтӣ дар бисёр соҳаҳо лоиҳаҳои мутақобилан судмандро амалӣ созанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates