Дар доираи сафар, ҳайат бо роҳбарияти мунитсипалитети Дубай ва ширкатҳои «DP World», «Gulf Land Property Developers», «Tonino Lamborghini», «Alokozay Group of Companies» ва «Tribe Infrastructure» вохӯриҳо баргузор кард, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар музокирот масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаи идоракунии захираҳои об, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, сохтмони терминали логистикии мультимодалӣ дар минтақаи махсуси саноатии «Янги Авлод» дар ноҳияи Янгиҳаёт, ҷалби сармоя барои сохтмони манзил, мактабҳо, кӯдакистонҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин иштирок дар лоиҳаҳо дар асоси ҳамкории давлативу хусусӣ баррасӣ гардиданд.
Дар натиҷаи вохӯриҳо, ҷонибҳо шахсони масъулро барои омӯзиши имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо таъин намуданд ва дар бораи идомаи муколамаи дуҷониба ба тавофуқ расиданд.








