Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, дар натиҷаи садама аз 50 зоирин, ки дар автобус буданд, 10 нафари онҳо ҷароҳат бардоштаанд.
Ба ҳамаи осебдидагон дар бемористонҳои “Води ал-фар” ва “Ал-Химна” дар наздикии шаҳри Мадина ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. 40 нафар ҳоҷиён дар меҳмонхонаи Мадина ҷойгир карда шуданд.
Вазъиятро Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷидда таҳти назорат гирифт. Бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисахои тиббӣ алока ба рощ монда шудааст. Дипломатҳо бо шаҳрвандон робитаи доимӣ доранд.