Дизайнер аз Ӯзбекистон дар намоишгоҳи "Ханҷоу-2022" пирӯз шуд

    Воқеаҳо 2 Dekabr 2021 926

    Бо даъвати кумитаи тадорукоти Бозиҳои осиёии Ҳанҷоу-2022, ки соли оянда баргузор мешавад, тарроҳони Ӯзбекистон дар намоишгоҳи байналмилалии Тси Паo иштирок карданд. Қобили зикр аст, ки ҳамватани мо, ки дар ин чорабинӣ бо лоиҳаҳои худ баромад намуд, ба ҷои аввали фахрӣ сазовор дониста шуд.

    Дар намоишгоҳ дизайнерон аз мамлакатҳое, ки аз тарафи кумитаи тадорук даъват карда шудаанд, иштирок доштанд. Чорабинӣ дар Осорхонаи абрешими Ханҷоу баргузор шуд, ки дар он ҷо либосҳои ба намоиш гузошташуда аз ин ашёи хом тайёр карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки либосҳое, ки аз рӯи нақшу нигори тарроҳи ӯзбекистонӣ, намояндаи Ассотсиатсияи тарроҳони «Рамзи Осиё» Умида Мӯъминова тайёр карда шудааст, аз ҷониби масъулини кумитаи тадорукот баҳои баланд гирифт.

    Либосҳои мазкур бо мотивҳои миллии ӯзбек зинат дода шудааст. Тибқи регламент, ҳар як иштирокчӣ намунаҳои худро дар ду маҷмӯъ ба ҳайати ҳакамон пешниҳод кардааст. Намоишгоҳи байналмилалии Тси Пao аз соли 2017 баргузор мешавад ва бо хушнудӣ қайд кардан лозим аст, ки ҷуғрофияи иштирокчиёни он ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад.

    Дар маросим ҷоизаи ҳамватанамонро Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов қабул кард.

    Мавриди зикр аст, ки ин намоишгоҳ на танҳо асарҳои намояндагони кишварҳоеро дар бар мегирад, ки дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим ҷойгиранд, балки тамоми ҷаҳонро бо мақсади оммавӣ гардонидани либосҳои аз матоъҳои абрешимӣ дӯхташуда, фарҳанги марбут ба он муттаҳид мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates