Довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳҳо имкониятҳои иловагӣ пайдо карданд

    Таълим 22 Sentabr 2025 591

    Дар Ӯзбекистон протоколи ҷаласаи Комиссияи давлатӣ оид ба қабул ба ташкилотҳои таълимӣ тасдиқ гардид, ки имкониятҳои навро барои довталабон пешбинӣ мекунад.

    Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия хабар медиҳад.

    Тибқи ҳуҷҷат:

    • Озмун барои ҷойҳои холии боқимонда дар бакалавриат баргузор мегардад. Дар он довталабоне иштирок карда метавонанд, ки аз 56,7 хол ва бештар гирифта, вале аз рӯи озмун нагузаштаанд, инчунин онҳое, ки дар марҳалаи дуюми бақайдгирӣ донишгоҳ ва ихтисос интихоб накардаанд;
    • довталабон имконият пайдо мекунанд, ки бар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои қабул ба тартиби шартномавии дифференсиалӣ дохил шаванд;
    • фармоишҳои давлатӣ барои донишгоҳҳои хориҷӣ ва ғайридавлатии дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда тасдиқ гардиданд;
    • барои ҷавонони Қароқалпоқистон ҷойҳои иловагии грантӣ ва шартномавӣ ҷудо карда шуданд.

    Ғайр аз ин, тақсими квотаҳо аз рӯи ихтисосҳои гранти президентӣ ва натиҷаҳои озмун ба магистратураи донишгоҳҳои давлатӣ низ тасдиқ гардид.

    Қарори қабулшуда ба густариши имкониятҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва баланд бардоштани фарогирии ҷавонон бо таҳсилоти олӣ равона шудааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates