Мусобиқа "Пфундеслига" унвон дорад – шабеҳи Бундеслига, аммо барои нафарони дорои вазни зиёдатӣ, менависад Astana TV бо истинод ба нашрияи Bild.
Дар чемпионат 16 даста иштирок мекунад. Дар ҳар вохӯрӣ аз ҳар даста 8 нафар футболбоз бозӣ мекунанд, мусобиқа дар майдони хурд гузаронида мешавад ва 70 дақиқа давом мекунад.
Ба шахсони лоғар иҷозат дода намешавад: танҳо 4 бозингар бо индекси 28 метавонанд ба рӯйхат ворид шаванд ва аз онҳо танҳо 2 нафарашон мумкин аст, ки дар як вақт ба майдон бароянд. Агар доир ба вазни бозингар шубҳа ба миён ояд, пеш аз бозӣ вазн санҷида мешавад.
"Дар байни одамоне, ки ба шумо монанданд, бозӣ кардан аз ҷиҳати равонӣ хеле осонтар аст”, гуфт сардори дастаи Rhinos аз шаҳри Эссен Деннис Шмидт, ки 114 кило вазн дорад.
Дар байни футболбозон ҳам мардон ва ҳам занон ҳузур доранд, хабар медиҳад astanatv.kz.







