Барои парвариши заъфарон дар ноҳияи Сӯх маблағҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд

    Бахши кишоварзӣ 26 Sentabr 2022 1166

    Дар кооператсияи истеҳсолии «Сӯх заъфарон содирот»-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона оид ба парвариши гиёҳҳои шифобахш корҳои густурда идома доранд.

    Ҳоло дар мавзеи Варган, ки дар он ҷо заъфаронпарварӣ бо суръат давом дорад, ба коргарони кооператсия 12 гектар замин ҷудо карда шудааст. Барои рушди минбаъдаи ин соҳа институтҳои молиявии байналмилалӣ 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карданианд.

    Олимон-агрономҳо, намояндагони ҳокимиятҳои вилояту ноҳияҳо, раёсати кишоварзии вилоят, ки ба ноҳияи Сӯх сафар карда буданд, аз ин хоҷагӣ дидан карда, бо корҳое, ки таҳти роҳбарии соҳибкор Рашодҷон Одилбоев анҷом дода мешавад, шинос шуданд. Дар ин ҷо ду сол аст, ки заъфарон парвариш карда ва содироти он ба роҳ монда шудааст.

    Илова бар ин, корҳо оид ба бунёди плантатсияҳо барои ферула идома дошта, таҷриба оид ба парвариши настаран ва маҳсулоти содиротӣ бо истифода аз технологияҳои сарфакоронаи об дар заминҳои истифоданашуда низ натиҷаи мусбат дод. Ба туфайли азхудкунии заминҳои нав шуғли иловагии аҳолӣ таъмин карда мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати хоҷагии қишлоқ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates