То охири соли 2022 дар Ўзбекистон Маркази илмии фанҳои бунёдӣ таъсис дода хаоҳад шуд

    Илм 20 Aprel 2022 1356

    Муассисахои илмии низоми Маркази миллии дониш ва инноватсия дар кишоварзӣ дар доираи Барномаҳои давлатӣ аз рӯи 78 лоиҳа ба маблағи умумии 44,4 миллиард сӯм корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронданд.

    Дар ин бора раҳбари хидмати иттилоотии Маркази миллии дониш ва инноватсия дар соҳаи кишоварзӣ Чарос Омонова дар брифинги АИМК хабар дод.

    Якҷоя бо мутахассисони хориҷӣ 14 муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ трансформатсия карда шуда, Маркази илмии фанҳои фундаменталӣ таъсис дода мешавад.

    Инчунин дар соли 2022 дар якҷоягӣ бо ширкати Султонати Уммон "Atyab Foodtech" дар марказҳои агросервисии вилоятҳои Тошканд ва Фарғона озмоишгоҳҳои замонавӣ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ ба монанди "Organic", "Global GAP", "Halal", "BRC", "BCI" созмон дода хоҳанд шуд.

    Биноҳои марказҳои агросервисии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё, Сурхондарё, Намангон ва Сирдарё таъмир карда шуда, фаъолияти агросервисҳои минтақавӣ ба роҳ монда мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates