Созишномаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи аломатгузории сарҳади давлатии Ӯзбекистону Қазоқистон барои бақайдгирӣ ба Котиботи СММ пешниҳод гардид

    Дар доираи “ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ интиқоли ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ ва нашри Шартнома байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи аломатгузории сарҳади давлатии Ӯзбекистону Қазоқистон дар Котиботи Созмони Милали Муттаҳид тибқи моддаи 102 Оинномаи Созмон сурат гирифт.мувофики моддаи 102 Устави Созмон баргузор гардид.

    Шартнома аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев 22 декабри соли 2022 дар ҷараёни сафари давлатии роҳбари Қазоқистон ба Тошканд имзо шуда, 4 июли соли 2023 эътибор пайдо карда буд. Ин ҳуҷҷат натиҷаи кори чандинсолаи муштарак оид ба бақайдгирии байналмилалии ҳуқуқии сарҳади давлатии Ӯзбекистону Қазоқистон гардид.

    Зимни мулоқот, ки 25 сентябри соли равон дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк баргузор шуд, сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Қазоқистон қайд карданд, ки бақайдгирии Шартномаи аломатгузории сарҳади давлатӣ дар Котиботи СММ таҷрибаи бесобиқа барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар робита ба ин гуна ҳуҷҷатҳо мебошад.

    Аҳамияти таърихии ҳуҷҷат таъкид гардида, қайд карда шуд, ки ин чорабинӣ боз як тасдиқи содиқ будани ду кишвар ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстии абадӣ, рӯҳияи муносибатҳои иттифоқӣ, омодагии онҳо ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба нафъи шукуфоии муштарак, инчунин ба таҳкими минбаъдаи амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мебошад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates