Дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт бо Эрон як қатор тавофуқҳо ҳосил шуданд

    Нақлиёт 19 Iyun 2023 1636

    17 июни соли равон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов бо вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Меҳрдод Базрпош мулоқот намуд.

    Дар мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт, рушд ва диверсификатсияи долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба рушди долони сеҷонибаи нақлиётии мултимодалии «Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон» ва дар ояндаи наздик мувофиқа кардани созишномаро, ки ҷониби Ӯзбекистон оид ба истифодабарӣ, дар асоси афзалият кам кардани боҷҳо, ки Эрон аз ширкатҳои миллии Ӯзбекистон дар ҷараёни ҳамлу нақли коло тавассути роҳи автомобилгард ситонида мешавад, инчунин муқоисаи боҷҳои андозӣ ба сӯзишворӣ бо андозҳои дигар кишварҳо пешниҳод намудааст, ба созиш омаданд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи таъсиси маркази логистикии Эрону Ӯзбекистон бо ҳадафи рушди минбаъдаи равобити тиҷории кишварҳоямон, якбора афзоиш додани ҳаҷми ҳамлу нақли бор, ҳамчунин бунёди терминалҳо ва анборҳо бо иштироки соҳибкорони ӯзбек дар бандархои Чобахор ва Бандараббос, ки дар Эрон воқеъ аст, ба мувофиқа расиданд.

    Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Эрон дар соҳаи роҳсозӣ, таъсиси корхонаи муштарак ва ҳамчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баргузории вохӯриҳо миёни бахшҳои масъул дар назар аст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates