"Рӯҳи Самарқанд" дар СҲШ: ҳайкалтарошони хориҷӣ дар шаҳри бостонӣ ҷамъ омаданд

    Фарҳанг 16 Avgust 2022 1680

    15 август ифтитоҳи расмии симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошии “Самарқанд-2022” баргузор гардид. Он аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, ҳокимияти вилояти Самарқанд ва Иттиҳоди эҷодии рассомони Ӯзбекистон ташкил карда шуд.

    Дар симпозиум ҳайкалтарошҳо аз Ӯзбекистон, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд. Онҳо дар тӯли се ҳафта дар майдони боғи "Ватанпарвар" шоҳасарҳои худро эҷод мекунанд. Сипас ин асарҳои санъат кӯчаҳои Самарқандро оро медиҳанд.

    Чорабиниро муовини Сарвазир – вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ Азиз Абдуҳакимов кушод.

    «Ин симпозиуми ҳайкалтарошӣ бо ташаббуси Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев ташкил карда шуд», – гуфт муовини Сарвазир. – Ҳадафи он ин аст, ки намояндагони кишварҳои узви СҲШ зимни баррасии масъалаҳои геополитикӣ аз рӯҳияи хоси Самарқанд, ки дар осори ҳунари устодони муосир таҷассум ёфтаанд, баҳра баранд.

    Илова бар ин, ба шарофати ин симпозиум ба ҳайкалтарошони ҷавон имконият дода мешавад, ки кори ҳамкасбони ботаҷрибаи хориҷиро мушоҳида намуда, маҳорати худро такмил диҳанд.

    Фикр мекунам, осори бадеие, ки дар рафти симпозиум офарида шудаанд, дар таърих боқӣ мемонанд ва ёдоварӣ хоҳад кард, ки як рӯйдоди таърихӣ ба мисли ҳамоиши сарони СҲШ дар Самарқанд сурат гирифтааст».

    Азиз Абдуҳакимов ҳамчунин ба ҳайкалтарошони хориҷӣ барои сафари Самарқанд изҳори сипос кард.

    Дар маросими ифтитоҳ раиси Иттифоқи эҷодии рассомони Ӯзбекистон Иброҳим Валихоҷаев ба сухан баромада, аҳамияти симпозиумро қайд намуда, ба фаъолияти ҳайкалтарошони ватаниву хориҷӣ баҳои баланд дод.

    Ҳамчунин, Улжан Ҷугашева, ҳайкалтарош аз Қазоқистон таассуроти худро аз ин чорабинӣ иброз дошт.

    «Сангҳо тамоми асрор, зебоӣ ва таърихи коинотро таҷассум мекунанд. Ва мо бояд ин зебоиро ба рӯи замин барорем. Ман мехоҳам ба одамон нишон диҳам, ки мо тавассути кори худ дар симпозиум чӣ гуна ҷаҳони аҷиб зиндагӣ дорем”, – гуфт ӯ.

    Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни омодагӣ ба нишасти сарони СҲШ ва намоишгоҳи байналмилалӣ аз Самарқанд рассомони хориҷӣ низ дидан карда буданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates