Зикр мегардад, ки танкерҳои «Matilda» таҳти парчами Малта ва «Delta Harmony» таҳти парчами Либерия мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар киштии «Matilda» таркиш ба амал омад, вале сӯхтор ба қайд гирифта нашуд ва киштӣ қобилияти ҳаракат дар баҳрро нигоҳ дошт. Дар «Delta Harmony» сӯхтор сар зад, ки ба таври фаврӣ хомӯш карда шуд. Дар байни ҳайати экипаж осебдидагон нестанд, дар лаҳзаи рух додани ҳодисаҳо боркунии нафт анҷом дода намешуд ва ба захираҳои содиротии Қазоқистон ҳеҷ гуна зарар нарасидааст.

Вазорат ҳамчунин таъкид намуд, ки яке аз танкерҳо аз ҷониби ташкилоти фаръии ширкати миллии «ҚазМунайГаз» ба иҷора гирифта шуда буд. Дар идома гуфта мешавад, ки идора «бо оператори миллӣ, маъмурияти консорсиум ва соҳибони киштиҳо ҳамоҳангсозии амалҳоро барои таъмини амнияти занҷирҳои логистикӣ ва таъмини бефосилаи содироти нафт анҷом медиҳад».

Тибқи маълумоти агентии «Reuters», танкери дигар аз ҷониби ширкати нафтии амрикоии «Chevron» ба иҷора гирифта шудааст. «Ҳамаи аъзои экипаж дар амният қарор доранд, киштӣ устувор аст ва ба сӯи бандари бехатар ҳаракат мекунад. Мо бо оператори киштӣ ва мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозӣ мекунем», — гуфтаанд дар ширкат.

Ҳар ду киштӣ ба самти терминали Южная Озереевка — нуқтаи боркашонӣ, ки тақрибан 80 фоизи нафти Қазоқистон барои бозорҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин як қисми нафти Русия аз он ҷо содир мешавад, равона шуда буданд, хабар медиҳад ИА «Дунё» бо истинод ба изҳороти расмии вазорат.

«Ин ҳамлаҳо дар пасманзари коҳиши шадиди истихроҷи нафт дар Қазоқистон бинобар тӯфонҳои зимистона ва осеб дидани инфрасохтор пас аз зарбаҳои бесарнишинҳои украинӣ рух доданд, — омадааст дар нашрия. — Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ пушти ҳамла ба танкерҳо меистод. Ҳукумати Украина дар ин бора шарҳ надод».