Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳокимияти шаҳри Тошканд хабар дод.

Гуфта мешавад, ки аз чорроҳаи кӯчаи “Султония” сар карда, дар самти баромад ба кӯчаи “Мирзо Улуғбек” ҳаракати нақлиёт дубора иҷозат дода шудааст.

Тартиби ҳаракат чунин муайян гардидааст:

– Ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи “Султония” дар кӯчаи 2Темур Малик”, тавассути хатти муқобил ба кӯчаи “Мирзо Улуғбек” баромадан мумкин аст. Дар ин қитъа суръати ҳаракат то 30 км/соат маҳдуд шудааст.

– Аз кӯчаи “Мирзо Улуғбек” низ ҳаракат дар кӯчаи “Темур Малик” ба самти кӯчаи “Султония” иҷозат дода шудааст. Дар ин самт ҳам суръат 30 км/соат муқаррар шудааст.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъӣ риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар нақби воқеъ дар чорроҳаи кӯчаҳои “Темур Малик” ва “Буюк ипак йўли” як қисми девори такягоҳ фурӯ рехта буд.