Қайд карда шуд, ки Ҷунбиши “Юксалиш” ҳамкориҳои байналмилалиро васеъ гардонда, лоиҳаҳои муштаракро бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои чинӣ густариш медиҳад. Аз ҷумла, дар доираи иқдоми «Як миллион дарахт» бо ширкати «Huawei» шарикӣ ба роҳ монда шудааст. Чанде пеш бо ширкати "Hisense" дар самти дастгирии ташаббуси "Мавҷи шаҳрсозӣ" як ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Раиси ҶМ «Юксалиш» барои боз ҳам вусъат додани ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои илмӣ ва тиҷоратӣ, бо воситаҳои ахбори оммавӣ ва институтҳои ҷамъиятии ҶМЧ як катор таклифҳо баён кард. Дар байни онҳо:

бунёди минтақаҳои сабз (боғҳо, дарахтзор) дар Ӯзбекистон ва рушди устувори онҳо дар асоси таҷрибаи Чин дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва минтақаҳои кабудизоркунӣ;

барқарор намудан ва инкишоф додани алоқаҳои бародаршаҳрҳои Ӯзбекистон ва Чин;

татбиқи лоиҳаҳое, ки муносибатҳои инноватсионии ҳалли мушкилотро дар сатҳҳои гуногун таъмин мекунанд.

Дар рафти гуфтушунид сафири ҶМЧ дар мамлакати мо хонум Цзян Ян ба ин соҳаҳо мароқ зоҳир намуд. Аз ҷумла, дар масъалаи рушди минтақаҳои сабз пешниҳод кард, ки имкони таъсиси Боғи дӯстии Чину Ӯзбекистон ё Боғи кишварҳои СҲШ, ки гуногунрангии экологӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба ҳам мепайвандад ва рушди устувори онҳоро инъикос намояд, баррасӣ карда шавад.

Ҳамзамон, сафир бо ҷалби ширкатҳои чинӣ баргузории як чорабинии муштаракро дар мавзӯи нақши ҷавонон дар коҳиши камбизоатӣ ва "рушди сабз" ба мақсад мувофиқ медонад. Дар Ӯзбекистон ҳудуди 2 ҳазор корхона бо сармояи Чин фаъолият мекунанд. Ба ин муносибат масъалаи бо онҳо ташкил намудани як қатор вохӯриҳо барои ҶМ «Юксалиш» кор карда баромада мешавад.

Сафири Чин дар пайи натоиҷи гуфтугӯҳо, ки дар фазои созанда сурат гирифт, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ бо ҷунбиши “Юксалиш” дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор дошт.