БАТР инфрасохтори муосири таъминоти обро дар деҳоти вилояти Намангон маблағгузорӣ мекунад

    Зиёда аз 170 000 нафар сокини ноҳияҳои Чуст, Намангон ва Попи вилояти Намангони Ӯзбекистон дар натиҷаи татбиқи барномаи бузурги барқарорсозӣ, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) маблағгузорӣ мешавад, ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасии доимӣ пайдо хоҳанд кард.

    Қарзи мустақили БАТТ ба маблағи 70 миллион доллари ИМА ба корхонаи минтақавии обтаъминкунӣ, Намангон сув таминоти дода мешавад. Маблағҳо барои дастгирии сохтмон ва барқарорсозии ҷойҳои обгирӣ, истгоҳҳо ва шабакаҳои тақсимотӣ, шоҳроҳҳо ва иншооти тозакунандаи об, ки ба ҳафт нуқтаҳои аҳолинишини минтақа (Чортоқ, Чуст, Ҷомашуй, Қизил-Равот, Поп, Тошбулоқ ва Уйғур) хидмат мерасонанд, инчунин барои сохтани иншооти тозакунӣ, истгоҳҳои насоси канализатсия ва шабакаҳо дар деҳаҳои Чуст ва Ҷомашуй истифода мешаванд. Кор бо ҳиссаи Ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳаҷми 14 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешавад.

    Сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки тақрибан 115 000 истифодабарандагони нав ба шабакаҳои обрасонӣ пайваст карда шаванд. Ба шарофати инфрасохтори нав талафоти об дар як сол 0,6 миллион метри мукааб кам карда мешавад.

    Лоиҳа ба татбиқи барномаи миллии Ӯзбекистон оид ба пайвастани аҳолии деҳот ба системаи мутамаркази обтаъминкунӣ тавассути маблағгузории модернизатсияи инфрасохтори обтаъминкунӣ саҳм мегузорад, ки барои расонидани оби тозаи нӯшокӣ, беҳдошти гигиенаи шахсии истифодабарандагон ва беҳтар истифода бурдан аз захираҳои мавҷудаи об мусоидат хоҳад кард.

    Вилояти Намангон, ки дар водии Фарғона ҷойгир аст, яке аз минтақаҳои сераҳолии кишвар ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва бо боришоти нисбатан камаш дар тамоми сол маълум аст. Вилоят бештар аз истеъмоли оби тоза аз дарёи Сир вобаста аст, ки дар навбати худ ба обшавии пиряхҳо "сероб" мешавад, ки бинобар гармоиши кураи замин торафт коҳиш меёбанд.

    То имрӯз БАТР дар доираи 97 лоиҳа ба иқтисодиёти Ӯзбекистон беш аз 2,4 миллиард евро сармоягузорӣ кардааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates