БАТР барои дастгирии соҳибкории ҷавонон дар Осиёи Марказӣ 200 миллион евро ҷудо мекунад

    Молия 14 Dekabr 2023 1659

    Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барномаи “Ҷавонон дар тиҷоратро” дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад.

    БАТР дар чаҳорчӯби барномаи худ барои таъмини соҳибкорони ҷавон дар минтақа бо дастрасӣ ба молия ва омӯзиш 200 миллион евро ихтисос медиҳад. Дар барнома ба дастгирии корхонаҳои кучак, хурд ва миёна (ККХМ), ки аз ҷониби шахсони то 35-сола идора ва ё моликияти онҳо тааллуқ доранд, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

    Барои дарёфти маблағ, соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки тавассути 20 муассисаи молиявии шарик дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон барои гирифтани қарз муроҷиат кунанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки БАТР ба “Ҳамкорбонк” то 10 миллион доллар қарз ҷудо кунад.

    Бонк ба нақша гирифтааст, ки ба барномаи дастгирии соҳибкорони ҷавон 30 миллион евро, аз ҷумла грантҳо ва маблағгузории имтиёзноки муштарак ихтисос диҳад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates