БАТР ба рушди соҳаи нақлиёти Ӯзбекистон саҳм мегузорад

    Нақлиёт 17 Oktabr 2024 912

    Вазири нақлиёти Ўзбекистон Илҳом Маҳкамов бо ноиби президент оид ба фаъолияти бонкии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Маттео Патроне мулоқот намуд.

    Дар ҷаласа лоиҳаҳои ояндадор барои солҳои 2024-2025, аз ҷумла лоиҳаи хариди автобусҳои барқӣ ба Самарқанд, Намангон ва Нуқус, оид ба рушди ҳаракати трамвай дар Самарқанд баррасӣ гардид.

    М.Патроне ҳиссаи назарраси лоиҳаҳои нақлиётиро дар маҷмӯи умумии БАТР қайд намуда, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан изҳори ҳавасмандӣ намуд.

    Ҷонибҳо инчунин аҳамияти кори муштаракро дар лоиҳаи сохтмони роҳи пулакии "Тошканд – Самарқанд" махсусан қайд намуда, ба мувофиқа расиданд, ки раванди анҷоми асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаро суръат бахшанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates