Иқтидори содиротӣ ва транзитии Ўзбекистон дар Шанхай намоиш дода шуд

    Тиҷорат 14 Noyabr 2023 1520

    Дар доираи намоишгоҳи шашуми байналмилалии «China International Import Expo-2023», ки дар Шанхай баргузор гардид, форуми «Як камарбанд, як роҳ: равобити тиҷоратии мутақобила» баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Чин ташкил карда шуд, намояндагони як қатор ширкатҳои бонуфузи тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, логистикӣ ва суғуртаи кишвар, инчунин намояндагони консулгариҳои хориҷӣ дар Шанхай ширкат варзиданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Дар ҷараёни форум Консулгарии генералии Ӯзбекистон иқтидори содиротӣ ва транзити ҷумҳурии моро муаррифӣ намуд. Ба иштирокчиён инчунин дар бораи вазъи кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ӯзбекистон ва Чин ва дурнамои ҳамкориҳои мустақим байни минтақаҳои ду кишвар маълумот дода шуданд.

    Дар навбати худ, доир ба рушду дастгирии самтҳои нави ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, инчунин оид ба масъалаҳои нақлиёт табодули афкор намуданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates