Пешниҳодҳо оид ба рушди соҳаи саноати электромобилӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 24 Noyabr 2022 4632

    Тавре қаблан хабар дода шуда буд, сарвари давлатамон 10 октябри соли равон бо муаррифии рушди саноати электромобилҳо шинос шуд.

    Дар асоси супориши он вакт таклифҳо оид ба ташкили истеҳсоли электромобилҳо ва афзун гардондани миқдори стансияҳои қувватафзоӣ дар кишварамон тайёр карда шуданд.

    Ин пешниҳодҳо дар ыаласаи навбатии назди Президент баррасӣ шуданд.

    Шахсони масъул зарурати дастгирии давлатии соҳаро қайд намуданд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки мошинҳои барқии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда аз боҷи утилизатсионӣ, ҷузъу қисмҳои эҳтиётии воридшаванда, таҷҳизот ва ашёи хоми онҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Инчунин, пешниҳод карда мешавад, ки сармоягузорон миқдори муайяни электромобилҳоро бо шартҳои имтиёзнок, то ба пурра ба роҳ мондани раванди истеҳсолӣ ворид намоянд.

    Сарвари давлат дар муаррифии гузашта ба зарурати оммавигардонии истифодаи мошинҳои барқӣ ва ҳавасмандгардонии харидории онҳо дар байни аҳолӣ ишора кард. Бо дарназардошти ин дар назар аст, ки қисми муайяни фоизи қарзе, ки барои хариди мошинҳои барқии истеҳсоли маҳаллӣ дода мешавад, аз ҷониби давлат ҷуброн карда мешавад. Дар солҳои 2023-2025 ба мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳокимиятҳо ва корхонаҳои ҳиссаи давлатиашон беш аз 50 фоиз дар хариди электромобилҳо кумак расонда мешавад. Шахсоне, ки барои ҳамлу нақли мусофирон дар нақлиёти барқӣ хизмат мерасонанд, дар пардохти боҷи давлатӣ барои иҷозатнома имтиёз дода мешаванд.

    Чунон ки маълум аст, яке аз ашёи хоми барои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ зарур мис мебошад. Дар мамлакати мо кластерҳои мис ташкил карда мешаванд. Дар заминаи онҳо истеҳсоли ҷузъҳои мошинҳои электрикӣ ва стансияҳои барқгиранда ба роҳ монда мешавад.

    Ба масъалаҳои тарбияи кадрҳо диққати калон дода мешавад. Қарор аст, дар Донишгоҳи политехникии Турин лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба мошинҳои электрикӣ ва инфрасохтори онҳо таъсис дода, омӯзгорону мутахассисон барои такмили ихтисос ба кишварҳои пешрафта фиристода шаванд.

    Дар ҷамъомад шахсони масъул кайд намуданд, ки дар натиҷаи ин тадбирҳо дар ҷумҳурӣ соле ба тадриҷ истеҳсоли 15-25 ҳазор мошини барқиро ба рох мондан мумкин аст.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки ин самт бояд дар соҳаи мошинсозӣ рақобат эҷод кунад. Барои баррасии имкониятҳои фароҳам овардашуда бо сармоягузорони эҳтимолӣ, дар асоси фикру пешниҳодҳои онҳо, тавсеаи тадбирҳои дастгирӣ, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳа дастур дода шуд.

    Ба Агентии танзими техникӣ супориш дода шуд, ки стандартҳои байналмилалии истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳоро ҷорӣ кунад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates