Вазифаҳои афзалиятноки саноати электротехника муҳокима шуданд

    Ҳукумат 26 Sentabr 2022 4943

    Президент Шавкат Мирзиёев 26 сентябр оид ба вазифаҳои афзалиятноки саноати электротехника ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар натиҷаи мунтазам нав кардани истеҳсолот дар саноати электротехникии ватанӣ низ дигаргуниҳои сифатӣ ба амал омаданд. Дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар он 4,5 баробар афзуд. Сифати маҳсулот меафзояд, бозорҳои нав азхуд карда мешаванд.

    Ба туфайли ин содирот 5 баробар афзуд. Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ ин рақам аз 750 миллион доллар гузарад. Агар соли 2017 ҷумҳурӣ 25 намуди маҳсулоти электротехникӣ содир карда бошад, имсол ин рақам ба 200 адад расид. Бори аввал 11 корхона аз вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Қашқадарё ва Тошканд ба бозори хориҷӣ баромад.

    Дар ҷамъомад раиси Иттиҳодияи «Ӯзэлтехсаноат» М.Юнусов оид ба корҳои дар пешистодаи соҳа ва ҳадафҳои солҳои оянда ҳисобот дод. Зимнан зикр гардид, ки имрӯз 205 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар амалӣ мешавад. Дар соли 2023 маҳаллисозии истеҳсоли маҳсулоти нав ва қисмҳои эҳтиётӣ, то 1 миллион доллар зиёд намудани ҳаҷми содирот ба нақша гирифта шудааст.

    Сарвари давлатамон лоиҳаҳои пешомаднокро дастгирӣ намуда, вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян намуд.

    – Агар истеҳсоли техникаи маишӣ зиёд шуда бошад, пас қобилияти харидории аҳолӣ афзуд. Дар солҳои охир саноати электротехникии мо нафаси нав гирифт. Акнун бояд истеҳсолотро ривоҷ дода, афзун гардонд, арзиши иловагиро ба вуҷуд овард. Мақсади ниҳоӣ – ҷойҳои корӣ, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Таҳлили вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки содиротро дар ду сол то ба 1,5 миллиард доллар расонидан мумкин аст. Ҳамчунин кишвари мо ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар бозори воридотӣ дорад. Барои самаранок истифода бурдани ин имкониятҳо маҳсулот бояд пеш аз ҳама хушсифат ва маълум бошад.

    Аз ин рӯ, Президент зарурати офаридани брендҳои нави маҳаллӣ ва ҷалби брендҳои хориҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ба даст овардани эътимоди муштариёнро таъкид кард.

    Талабот ба нимноқилҳо ва платаҳои электронӣ дар кишвари мо ва бозорҳои ҳамсоя 6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, барои зиёд намудани шумораи чунин корхонаҳо, маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ва стартап дар соҳаи электроника ва микроэлектроника супоришҳо дода шуданд. Дар бораи тамғагузории техникаи маишӣ, тавсеаи суғурта ва қарздиҳии содиротӣ дастурҳо дода шуданд.

    Дар он ҷое, ки техникаи маишӣ ҳаст, ба хидматрасонии пас аз фурӯш ҳамеша талабот мавҷуд аст. Таъкид гардид, ки дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ дар ин самт таълими ҷавонон омили муҳими таъмини шуғли онҳо мегардад.

    Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 сентябри соли ҷорӣ барномаи васеъ истифода бурдан аз манбаъҳои энергияи барқароршаванда тасдиқ карда шуд. Дар он дар 34 ҳазор хоҷагӣ, 6 ҳазор объекти вазорату идораҳо бо истифода аз чунин манбаъҳо насб кардани дастгоҳҳо пешбинӣ шудааст. Ба аҳолӣ ҷубронпулӣ ва имконияти таъхири бефоиза ба муддати 3 сол дода мешавад.

    Дар Қашқадарё созмон додани кластер барои бо таҷҳизоти энергетикаи муқобил таъмин кардани истеъмолчиён ба нақша гирифта шудааст. Дар вохӯрӣ оид ба рафти татбиқи ин лоиҳа маълумот дода шуд.

    Чунон ки маълум аст, саноати электротехникӣ асосан бо саноати мис алоқаманд аст. Дар солҳои охир конҳои нав азхуд карда шуданд, захираҳои мис васеъ шуда истодаанд. Кластерҳои дахлдор дар ноҳияи Оҳангарон ва шаҳри Қаршӣ ташкил карда мешаванд. Сарвари давлат зарурати ҷорӣ намудани менеҷменти хориҷӣ дар ин корхонаҳо, татбиқи лоиҳаҳои коркарди амиқ, аз худ намудани дастовардҳои илму инноватсияро қайд намуд.

    Таъкид гардид, ки соли оянда дар ин самт 34 лоиҳаи арзиши баланди иловагӣ ташкилкунанда ба роҳ монда мешавад.

    Дар ҷамъомад пешниҳодҳои ҳокимон ва соҳибкорон шунида шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates