Мувофиқи баланд шудани ниёзи иқтисодиёт ва аҳолӣ маҷмӯи сӯзишворию энергетикӣ нав карда мешавад. Он дар асоси Стратегияи рушди минбаъда ва ислоҳсозии соҳаи энергетикаи электрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо қарори сарвари давлат аз 27 марти соли 2019 тасдиқ шудааст, амалӣ гардонда мешавад.
Аз ҷумла, дар пойгоҳи собиқ ҷамъияти саҳомии “Ӯзбекэнерго” 3 сохтори алоҳида оид ба истеҳсол, ҳамлу нақл ва фурӯши қувваи барқ ташкил шуда буд. 7 миллион истеъмолкунанда ба системаи автоматикунонидашудаи назорат ва ҳисобкунии нерӯи барқ пайваст шуда, ҷамъоварии пардохтҳо 100 фоиз таъмин карда шуд. Сармоягузорони хориҷӣ ба 19 лоиҳаи бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ, шамолӣ ва гармӣ ба маблағи 7 миллиард доллар ҷалб карда шуданд.
Дар баробари ин, барои ба вуҷуд овардани рақобат дар соҳа, зиёд кардани ҳаҷму сифати таъминоти энергия кори бисёрро анҷом додан лозим аст. Аз ҷумла, барои таҷдиди низоми энергетикӣ, пурра қонеъ кардани ниёзҳои соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ дар солҳои наздик ҳудуди 20 миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст. Ин барқарор намудани бозори рақобатпазири энергетика ва фароҳам овардани шароит барои сармоягузорони хусусиро тақозо мекунад.
Вобаста ба ин, дар ҷамъомад масъалаи таъсиси низоми нави идоракунии бозори энергетика баррасӣ шуд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити баробар барои пайваст намудани корхонаҳои истеҳсолкунандаи хусусӣ пешниҳод гардид, ки ваколатҳои ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон миллий электр тармоқлари» оид ба хариди нерӯи барқ ва идоракунии шабакаҳои магистралӣ тақсим карда шаванд. Дар баробари ин ширкат – харидори ягона бар асоси шартнома аз тамоми нерӯгоҳҳо нерӯи барқро харида, ба корхонаву корхонаҳои бузурги шабакаҳои барқи минтақавӣ мефурӯшад. Ва оператори шабакаҳои магистралӣ барои интиқоли нерӯи барқ, кам кардани талафот ва идоракунии техникии низоми энергетикӣ масъул хоҳад буд.
Соли оянда ба сифати алтернатива ба ҶС «Худудий электр тармоқлари» дар 14 ноҳия ва шаҳр ширкатҳои чаканаи нерӯи барқ ташкил карда мешаванд.
Дар ҷамъомад зарурати суръат бахшидан ба равандҳои трансформатсия, беҳбудии молиявии корхонаҳо ва табдил додани онҳо ба ширкатҳое, ки тавони ҷалби сармояи мустақимро доранд, таъкид гардид. Супориш дода шуд, ки барои мақбулсозии хароҷоти истифодаи корхонаҳои соҳа, нав кардани хатҳои электр чораҳо андешида шаванд.
Дар назди Ҳукумат ва роҳбарони соҳа вазифа гузошта шуд, ки барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро, ки барои татбиқи ин ислоҳот заруранд, тартиб диҳанд.