Пешниҳодҳо оид ба сарфаи энергия баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 31 Oktabr 2022 10263

    Президент Шавкат Мирзиёев 31 октябр бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба истифодаи самарабахши захираҳои энегетикӣ шинос шуд.

    Сарвари давлат як ҳафта қабл дар ҷамъомад оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дастури дахлдор дода буд. Дар асоси ин оид ба сарфа намудани ресурсҳои сӯзишворию энергетикӣ ва бо онҳо дар давраи тирамоҳу зимистон мутавозин таъмин намудан тадбирҳо тартиб дода шуданд.

    Чунон ки маълум аст, баробари тараққӣ кардани соҳаҳои иктисодиёт ва баланд шудани дараҷаи некуаҳволӣ эҳтиёҷот ба энергия торафт меафзояд. Дар тӯли панҷ соли охир дар мамлакати мо истеъмоли қувваи барқ 20 фоиз, аз он ҷумла истеъмоли он аз ҷониби аҳолӣ 31 фоиз афзуд. Ин рақам соле 6 фоиз меафзояд.

    Бинобар ин, истеҳсоли энергия пай дар пай ривоҷ ёфта, неругоҳҳои барқии обӣ, неругоҳҳои барқии обӣ ва шамолӣ сохта мешаванд. Дар баробари ин низоми баҳисобгирии истеъмоли қувваи электр ва гази табиӣ ба тартиб оварда шуд. Вазифаи дигари муҳим аз ин захираҳо эҳтиёткорона ва масъулиятнок истифода бурдан аст.

    Дар рафти тақдимот шахсони масъул таклифҳои дахлдор пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, нишон дода шуд, ки аз ҳисоби беҳсозии ҷараёни кор дар корхонаҳои саноатӣ, таҷдиди технологияи истеҳсоли энергия, навсозӣ ва таъмири дегхонаҳо, ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеъмоли газ ва нерӯи барқро то 10 фоиз кам кардан мумкин аст.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки ин масъала сол то сол мубрамтар мегардад, аз ин рӯ бояд дар тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо сарфаи нерӯи барқро омӯзем. Дар ниҳояти кор ин ба бефосила ва устувор бо неруи барқ таъмин намудани аҳолӣ хидмат мекунад.

    Имрӯз дар ҷаҳон норасоии захираҳои энергетикӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, дар бисёр кишварҳо барои танзими сарфи энергия ва ҳарорати гармӣ дар хонаҳо чораҳо андешида мешаванд.

    Дар мамлакати мо таҷрибаи мусбат ҷорӣ карда мешавад. Масалан, дар тӯли як ҳафта аз ҳисоби истифодаи оқилона аз чароғҳои кӯчаҳо дар вилоятҳои Намангон ва Сирдарё 50 ҳазор киловатт-соат ёки 14 фоиз қувваи барқ сарфа карда мешавад.

    Дар робита ба ин, масъулин вазифадор карда шуданд, ки бо роҳи сафар ба минтақаҳо имкониятҳои иловагии сарфаи нерӯи барқро пайдо кунанд.

    Аҳамияти баланд бардоштани самарабахшии энергия дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва васеъ истифода бурдани панелҳои офтобӣ таъкид шуд.

    Оид ба пурзӯр намудани ваколатҳои Инспексияи назорат дар саноати электр ва Инспекцияи назорати истифодаи маҳсулоти нефту гази назди Вазорати энергетика, андешидани чораҳои таъсирбахш бар зидди вайронкунии қонун дар ин соҳаҳо вазифаҳо муайян шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates