Роҳбарони Аврупо ният доранд, ки дар ин нишаст ба қарори Президенти ИМА Доналд Трамп бобати ҷорӣ кардани тарифҳо ба молҳои кишварҳое, ки ба сиёсати ӯ нисбат ба Гренландия мухолифат нишон медиҳанд, чӣ гуна посух додани худро баррасӣ намоянд.

Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта пас аз машварат бо сафирони Иттиҳоди Аврупо дар бораи даъвати ҳамоиши фавқулодда қарор қабул кард, хабар медиҳад rg.ru.

Ба иттилои нашрияи Politico, ҳамоиш мумкин аст рӯзи панҷшанбе баргузор шавад. Аммо он ба таври онлайн намегузарад, роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ният доранд, то шахсан мулоқот кунанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як қатор кишварҳои Аврупо, бахусус, Фаронса, талаб гузошта буданд, то механизми ба ном «воситаи маҷбуркунии муқобил» фаъол карда шавад, ки метавонад маҳдуд кардани воридоти молу хизматрасониҳои ИМА ба Иттиҳоди Аврупо ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба сармоягузориҳои амрикоиро дар бар гирад.

Ба ақидаи мутахассисон, фаъол намудани ин механизм метавонад ба ҷанги пурраи тиҷоратӣ миёни Аврупо ва ИМА оварда расонад.

«Ҳоло ошкоро муҳокима гардидани ин механизм, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аврупоиҳо даъвоҳои Трамп нисбат ба Гренландияро то чӣ андоза ҷиддӣ қабул мекунанд», — қайд мекунад Politico.

Аввалроқ бир қанча Европа мамлакатлари, хусусан, Франция АҚШ товарлари ва хизматларининг Европа Иттифоқига импортини чеклаш ва АҚШ инвестицияларига чекловлар қўйиши мумкин бўлган “қарши мажбурлаш воситаси”ни ишга туширишни талаб қилаётгани ҳақида хабар берилган эди. Мутахассисларнинг фикрича, ушбу механизмни фаоллаштириш Европа ва АҚШ ўртасида тўлиқ савдо урушига олиб келиши мумкин. “Ушбу механизм ҳозирда очиқ муҳокама қилинаётгани, европаликлар Трампнинг Гренландияга бўлган даъволарини қанчалик жиддий қабул қилаётганликларидан далолат беради”, деб қайд этади Politico.