Сарони давлатҳо якдигаро бо фарорасии ҷашни баҳор – Наврӯз самимона табрик гуфта, ба халқҳои бародарии Ӯзбекистону Қазоқистон осоиштагӣ, фаровонӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.
Масъалаҳои мубрами рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Қазоқистон батафсил муҳокима гардиданд.
Аҳамияти андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда бо мақсади пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории амалӣ дар афзоиши тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, аз ҷумла дар сатҳи минтақавӣ қайд карда шуд.
Ба чорабиниҳои муштараки фарҳангию гуманитарие, ки имрӯзҳо дар шаҳрҳои Қазоқистон баргузор мешаванд, баҳои баланд дода шуд.
Роҳбарон нақшаи чорабиниҳои сатҳи оливу баланди дуҷониба ва бисёрҷонибаи оянда, аз ҷумла омодагӣ ба нишастҳо дар формати «Осиёи Марказӣ плюс»-ро баррасӣ карданд.