баннер
1 Apr 2025
13:11

    Дар шаҳри Красноярски Русия ҷашнвораи "Сайли харбуза" баргузор шуд

    Фарҳанг 15 Iyul 2024 1742

    Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Красноярск ҷашнвораи "Сайли харбуза"-ро ташкил кард.

    Дар он ҳамватаноне, ки солҳои тӯлонӣ дар вилояти Красноярск ба сар мебаранд, санъаткорон, донишҷӯён, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мухторияти миллии ӯзбекҳои Красноярск, инчунин ҳамватанони мо, ки дар ин минтақа фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, иштирок доштанд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

    Бояд гуфт, ки ҷашнвораи "Сайли харбуза"дар байни сокинони Красноярск шавқу ҳаваси калон ба амал овард. Меҳмонони ҷашнвора на танҳо тавонистанд маҳорати устоҳои харбузаву тарбузро бубинанд, балки тавонистанд аз харбуза ва аз таомҳои миллии ӯзбекӣ чашида бинанд.

    Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тамошобинон аз оҳангу рақсҳои лауреати Ҷоизаи «Ниҳол» Иззатбек Халиқов, гурӯҳи «Файз Наво» ва ансамбли рақсии «Ярада»-и шаҳри Томск завқ бурданд.

    Дар ин ҷашнвора аз рӯи гӯштини миллии ӯзбек низ мусобиқаҳо баргузор шуданд.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech