Мувофиқи барномаи сафар, дар шаҳри Тошканд музокироти сатҳи олӣ баргузор мешавад, ки дар он масъалаҳои муҳими тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Сербия, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ мешавад.
Ба масъалаҳои афзунсозии ҳаҷми савдои мутақобил, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, экология, кимиё, энергетика, рақамикунонӣ, саноати маъдуан ва дигар шабакаҳои инноватсионӣ диққати махсус дода мешавад.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ба низоми таълим баррасӣ мешаванд.
Ҳамчунин, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти байналмилалӣ, дастгирии мутақобила дар сохторҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат мегирад.








