Мувофиқи барномаи сафар дар шаҳри Самарқанд музокироти сатҳи баланд баргузор мегардад, ки дар рафти он масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Фаронса баррасӣ хоҳанд шуд.
Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Фаронса ҳамчунин дар кори анҷумани муштараки тиҷоратӣ бо иштироки ширкатҳо ва институтҳои бонкиву молиявии ду кишвар иштирок мекунанд.
Дар ҷамъбасти нишаст қабули як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, инчунин бастаи созишномаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ дар назар аст.