Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар шабакаи иҷтимоӣ Х эълон намуд, ки кишвараш моҳи сентябр дар ҷамъомади Маҷмаи умумии СММ давлати Фаластинро расман ба расмият мешиносад.
«Ман тасмим гирифтам, ки давлати Фаластинро ба расмият бишносам, зеро Фаронса ба уҳдадориҳои таърихии худ дар самти таъмин кардани сулҳи устувору одилона дар Ховари Миёна содиқ мемонад», — гуфт Макрон.
Ӯ таъкид кард, ки имрӯз қатъи ҷанг дар Ғазза ва пуштибонӣ аз аҳолии осоишта аҳамияти фавқулода дорад, хабар медиҳад lenta.ru.








