Тавре Le Point
хабар медиҳад, ба ҳайати ин воҳид тақрибан 10–15 роботи заминӣ ва ҳудуди 60 дрон шомил хоҳанд шуд. Амалиёти
онҳо аз ҷониби гурӯҳи хурди низомиён бо истифода аз низоми зеҳни сунъии C2 Pendragon ҳамоҳанг карда мешавад.
Ғайр аз интиқоли муҳимоти ҷангӣ ва маводи зарурӣ,
истифодаи роботҳо барои иҷрои дигар вазифаҳои ҷангӣ низ дар назар аст. Барои ин
онҳоро бо пулемёт ё мушакҳои худнишонрас (гармоиҳадафгир)
муҷаҳҳаз хоҳанд кард. Дронҳо ҳам барои корҳои иктишофӣ бо муддати тӯлонии
парвоз ва ҳам ҳамчун воситаҳои зарбазананда, ки бо маводи тарканда муҷаҳҳазанд,
истифода мешаванд.
Гуфта мешавад, ки роботҳои заминӣ 2–3 тонна вазн дошта, аксари онҳо
платформаҳои чархдори дорои муҳаррики дарунсӯз мебошанд. Яке аз ҳадафҳои асосии
лоиҳаи Pendragon нигоҳ
доштани арзиши чунин воҳиди роботонидашуда дар сатҳи тақрибан 10 миллион евро мебошад.