Дар Маҷлиси миллӣ 279 вакил ба ҷонибдорӣ ва 81 нафар муқобил овоз доданд. Дар Сенат бошад, 243 сенатор аз ин ташаббус пуштибонӣ карда, танҳо ду нафар мухолифат карданд.

Қонуни нав соҳибони шабакаҳои иҷтимоиро вазифадор мекунад, ки низоми самараноки санҷиши синну соли истифодабарандагонро ҷорӣ намоянд. Илова бар ин, онҳо бояд ҳисобҳои корбарони то 15-соларо ҳазф кунанд. Барои наврасони аз 15 то 18-сола бошад, ба истилоҳ «соати комендантии рақамӣ» ҷорӣ мешавад, ки вақти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд мекунад.

Интизор меравад, ки пас аз имзои қонун аз ҷониби Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, он аз 1 сентябри соли 2026 мавриди амал қарор гирад. Дар марҳилаи аввал ба ноболиғони то 15-сола таъсиси ҳисобҳои нав манъ мешавад. Ҳазфи пурраи ҳисобҳои мавҷудаи ин гурӯҳи синнусолӣ бояд то 1 январи соли 2027 анҷом ёбад.

Ба иттилои расонаҳои фаронсавӣ, баъди мавриди амал қарор гирифтани ин қонун, Фаронса аввалин кишвари Аврупо хоҳад шуд, ки чунин маҳдудиятҳои сахти синнусолиро барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷорӣ мекунад.