Тибқи созишномаи сармоягузорӣ, ширкати фаронсавии муҳандисии Alstom хатти трамвайро бо дарозии 9,1 километр месозад.
Пешбинӣ шудааст, ки мусофиркашонӣ дар як шабонарӯз 78 ҳазор касро ба ҷо оварад. Сохтмон бояд дар семоҳаи дуюми соли 2024 оғоз шавад. Арзиши лоиҳа 167,4 миллион евро арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт И.Маҳкамов, то ҳол хатсайрҳои дақиқ муайян карда нашудаанд. Яке аз маршрутҳои перспективнок кӯчаи Ӯзбекистони Нав мебошад, ки он Тошкандро бо шаҳри нави "Тошканди Нав" мепайвандад. Эҳтимол меравад, ин хат аз истгоҳи метрои "Дӯстлик" бо кӯчаи "Ӯзбекистони Нав" мегузарад.