Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Ӯзбекистон ва USAID, масъалаҳои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои афзалиятнок баррасӣ шуд.
М.Мередит пайравии қатъии USAID-ро оид ба мусоидат ба ҷумҳурӣ дар татбиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудаанд, тасдиқ намуд.
Натиҷаҳои мусбати ислоҳоти мамлакати мо дар соҳаҳои навсозии низоми идоракунии давлатӣ, озодгардонии иктисодиёт ва ғайра қайд шуданд.
Дар бораи сафарҳои ба нақша гирифташуда ва чорабиниҳои муштарак табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.