Ин ташаббус аз ҷониби Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳаммуаллифии 26 кишвари узви ЮНЕСКО пешниҳод шудааст, хабар медиҳад агентии «Дунё».
Ҳамчунин, санаи 15 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии забонҳои туркӣ муайян карда шуд, зеро маҳз дар ин рӯз, соли 1893, олими даниягӣ Вилҳелм Томсен дар бораи рамзкушоии алифбои навиштаҷоти Орхонӣ — яке аз қадимтарин ҳуҷҷатҳои таърихии марбут ба пайдоиши забонҳои туркӣ — эълон намуд.
Дар қарори Конфронси генералӣ зикр мегардад, ки забонҳои туркӣ барои зиёда аз 200 миллион нафар аҳолии ҳудуде бо масоҳати тақрибан 12 миллион километри мураббаъ дар чандин кишвари узви ЮНЕСКО забонҳои модарӣ мебошанд.
Эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии забонҳои туркӣ ба густариши гуногунрангии забонӣ ва фарҳангӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳифз ва рушди анъанаҳои шифоҳӣ ва шаклҳои ифодаи эҷодии халқҳои туркӣ, инчунин ба татбиқи афзалиятҳои ЮНЕСКО дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Ин ташаббус инчунин такони нав барои рушди фаъолонаи таҳқиқот, чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи забонҳои туркӣ, ҳамчунин барои тавсеаи мероси фарҳангӣ ва ҳуҷҷатии кишварҳои туркзабон хоҳад буд.
Қарор аст, ки дар доираи таҷлили ҳарсолаи Рӯзи ҷаҳонии забонҳои туркӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳо, лексияҳо, шабҳои адабӣ, барномаҳои ҳунарӣ баргузор шаванд, ки арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии забонҳои туркиро инъикос намуда, донишу огоҳиро дар бораи ин забонҳо ва нақши онҳо дар рушди инсоният боло мебардоранд.







