Дабири кулли СММ шиддати вазъияти байни Яман ва Исроилро маҳкум кард

    Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар пасманзари шиддат гирифтани вазъият байни Яман ва Исроил ва пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба фурудгоҳи Сана даъват намуд, ки аҳолии осоишта ва кормандони башардӯстиро муҳофизат кунанд ва ҳушдор дод, ки мубодилаи зарбаҳо таҳдиди ҷиддӣ барои амалиётҳои башардӯстона мебошад, иттилоъ доданд дар дафтари ӯ.

    Дар ҳафтаҳои охир шиддат байни гурӯҳи ҳусӣ ва Исроил ба сатҳи нав расид. Ҳусиён қариб ҳар рӯз ба самти Исроил мушак ва бесарнишин фиристода, ба Исроил таҳдид карданд, ки дар сурати ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Яман ҷавоби мутаносиб хоҳанд дод. Рӯзи панҷшанбе Исроил ба фурудгоҳи Санаи Яман зарбаи ҳавоӣ зад, ки он замон роҳбари СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар он ҷо ҳузур дошт. Ба гуфтаи ӯ, зарба ба биное расид, ки дар чанд метр дуртар аз ҳавопаймое ҷойгир буд, ки ӯ ва ҳайати СММ дар дохили он қарор доштанд. Дар натиҷа, як узви экипаж маҷрӯҳ шуд.

    "Дабири кулл шиддат гирифтани вазъият байни Яман ва Исроилро маҳкум мекунад. Хусусан ҳамлаҳои ҳавоии имрӯзини Исроил ба фурудгоҳи байналмилалии Сана, бандарҳо дар баҳри Сурх ва неругоҳҳои барқӣ дар Яман нигаронии зиёдро ба вуҷуд меоранд," гуфта шудааст дар дафтари Гутерреш.

    Гутерреш инчунин аз хавфи идомаи шиддат гирифтани вазъият дар минтақа изҳори нигаронӣ намуда, хостори қатъи ҳамаи амалиётҳои низомӣ ва нишон додани хештандорӣ шуд.

    "Ӯ ҳушдор медиҳад, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ба бандарҳо дар баҳри Сурх ва фурудгоҳи Сана таҳдиди ҷиддӣ ба амалиётҳои башардӯстона мебошанд, дар ҳоле ки миллионҳо нафар ба кумаки ҳаётан муҳим эҳтиёҷ доранд," омадааст дар изҳорот.

    Инчунин Дабири кулли СММ даъват кард, ки аҳолии осоишта ва зерсохтор муҳофизат шаванд ва зикр намуд, ки кормандони башардӯстона набояд нишон қарор гиранд, хабар медиҳад ria.ru.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates