В.Норов Чжан Минро ба муносибати Дабири кулли СҲШ таъин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар ин фаъолияти масъулиятнок муваффақиятҳои калон орзу кард. Вай ҳамсӯҳбатро бо корҳои ҳамаҷонибаи ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи СҲШ шинос намуда, дар бораи чораҳои ҷиҳати бомуваффақият гузаронидани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар моҳи сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон андешидашуда маълумот дод.
Аҳамияти нақши ҳамоҳангсози Котиботи СҲШ дар бо муҳтаво ғанӣ гардондани вохӯриҳои вазирон ва ҳамоиш, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои дахлдор ва пешбурди ташаббусҳои дахлдор таъкид гардид.
Чжан Мин зикр кард, ки бо дастгирии кишварҳои узв ният дорад тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳад, то шукуфоии Созмон, аз ҷумла идомаи корҳои созандаеро, ки В.Норов ба ҳайси роҳбари Котиботи СҲШ асос гузошта буд, идома диҳад. Вай таъкид кард, ки феълан баргузории бомуваффақияти чорабиниҳо дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ аз авлавияти аслии фаъолияти Котиботи мазкур маҳсуб мешавад. Дабири кулл бо зикри аҳамияти омодагии ҳамаҷонибаи қисми асосии ҳамоиши навбатии сарони Созмон изҳор дошт, ки Котиботи мазкур барои пешбурди ташаббусҳои конструктивӣ ва ғояҳои созандаи ҷонибҳои гуногун саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Доир ба тамоюлҳое, ки дар минтақаи СҲШ ривоҷ меёбанд, нақши Созмон дар таъмини амнияту суботи минтақа, инчунин моддияти фаъолгардонии талошҳои муштарак ба манфиати татбиқи самараноки иқтидори муштараки кишварҳои СҲШ табодули афкор сурат гирифт.